Show notes
Ҳамасола аз 1 то 7 август Ҳафтаи умумиҷаҳонии дастгирии синамаконӣгузаронида мешавад. Аз соли 2001дар Тоҷикистон ин чорабинӣ ҳамчун Даҳааз 1 то 10 август гузаронида мешавад.
Дар бораи муҳимияти ғизои солим барои кӯдакон дар 1000
рӯзи аввал, омода будани кӯдак ба хӯроки иловагӣ ва маҳсулоти он, реҷаи хӯроки кӯдак, норасоииғизо ва камвазнӣ суҳбате доштем бо Дилшода Қаюмова, педиатр.Синамаконӣ асоси ҳаёт буда ба саломатӣ, ғизои дуруст ва амнияти
озуқаворӣ дар ҳолатҳои муқаррарӣ ва фавқулодда таъсири кӯтоҳмуддат вадарозмуддат мерасонад.“Дар Тоҷикистон барномаи миллии коммуникатсионии
“1000 рӯзи аввали ҳаёти кӯдак” барои солҳои 2020-2024 таҳия гардидааст. Инбарнома давраи аз бордоршавии зан то дусолагии кӯдакро фаро мегирад. Ин барномарушда инкишофи кӯдакро дарҳамин давра нишон медиҳад. Мақсади барнома он аст, кирафтори модар, падар ва шахсони ба кӯдак масъулро оид ба ғизо, нигоҳубини кӯдаква модар дигаргун созад”,- қайд намуд мутахассис.Ҳамсуҳбати мо қайд намуд, зарурати шири модар дар
моҳҳои аввали ҳаёти кӯдак дар он аст, ки табиатан организми кӯдаки навзод инроталаб мекунад ва то шашмоҳагӣ танҳо шири модар бояд дода шавад.“Баъзан вақте ҳаво гарм аст, модарон мегӯянд, ки
кӯдакашон ташна мемонад ва беҳтараш ба ӯ об диҳанд, вале ин нодуруст аст, зерошири модар асосан аз об иборат аст ва кӯдак дар ҳолати гармӣ ҳас ташнанамемонад”,- афзуд ӯ.Ба гуфтаи педиатр, кӯдаки солим аз шашмоҳагӣ
аллакай метавонад ғизои иловагӣ истеъмол кунад. То шашмоҳагӣ шири модарметавонад организми ӯро бо ҳама витамину минералҳои лозима таъмин созад. Баъдишашмоҳагӣ кӯдак серҳаракаттар мешавад ва ба ӯ ғизои иловагӣ лозим аст, зеро дигартанҳо шири модар инкишофи кӯдакро таъмин карда наметавонад.“Ба кӯдакони шашмоҳа додани ғизои иловагиро аз
пюреҳои сабзавотӣ сар карданамон лозим аст. Агар кӯдак сабзавотро нағз қабулнакунад, ба ӯ шавлаи дар об пухташуда додан лозим. Ғизои иловагӣ бояд аз якнамуд маҳсулот тайёр шуда бошад, камоб бошад ва батадриҷ миқдораш зиёд кардашавад”,- шарҳ дод ДилшодаҚаюмова.Ӯ гуфт, барои пешгирии эҳтимоли доштани аллергия ба ягон намуди маҳсулот
ғизои иловагии кӯдакро бояд танҳо аз як намуд омода кард. Педиатр таъкид намуд,ки дар ин давра ба кӯдак намак ва маҳсулоти ширинӣ додан мумкин нест. Ҳатто тодусолагии кӯдак додани ширинӣ тавсия дода намешавад.Лоиҳаи "Модари солим, кӯдаки солим" дар
Тоҷикистон бо кӯмаки Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) дар ҳамкорӣбо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ татбиқ мегардад.Ҳадафи лоиҳа кор аз болои тағйирёбии меъёрҳои
иҷтимоӣ ва одатии ғизо, инчунин нигоҳубини саломатии модарону кӯдакон мебошад,ки ба интихоби таҷрибаҳои тарзи ҳаёти солим мусоидат мекунад.


