
Мавзӯи имрӯзаи мо дастовардҳои барномаи Тавонбахшӣ дар
сатҳи маҳал барои шахсони дорои маъюбият мебошад, ки 12 сол инҷониб аз тарафи
дафтари Ассотсиатсияи Каритас Олмон амалӣ мешавад.
Сайёра Мирмастова, мутахассиси дахолати бармаҳал ва инкишофи кӯдаки ТҶ “Дилҳои кушода” ва Акбарҷон
Каримов, сокини шаҳри Душанбе, омӯзгори фанни суруд ва мусиқӣ дар МТМУ №49 меҳмонони
студияи мо ҳастанд.
Сайёра Мирмастова, модари кӯдаки дорои маъюбият аст. Фарзанди
ӯ, Фаризҷон 13 сол дорад. Ӯ нақл мекунад, замоне дар Душанбе зиндагӣ мекард,
аҳволаш беҳтар буд ва имкон дошт фарзандашро ба марказҳои тавонбахшӣ барад,
вале чун ба зодгоҳаш ВМКБ баргашт, дигар чунин шароит барояш дастрас набуд.
Он гоҳ Сайёра дар ҷустуҷӯи роҳи ҳал шуд. Ӯ Ташкилоти
ҷамъиятии “Маҷруҳон”-ро пайдо кард ва ҳам фаъолияти худро аз ҳамон ҷо оғоз
намуд. Ба ӯ дар ин ташкилот тарзи нигоҳубин, муомила ва муоширати дуруст бо
фарзандашро ёд доданд.
“Баъдан ман дарк кардам, ки агар ин корро сар намекардам,
дар он ҷо, яъне дар хона мемондам. Ҳам барои фарзандам мушкил мешуд ва ҳам ба
худам. Барои ҳамин ба худ гуфтам “ё ҳозир, ё ҳеҷ гоҳ!””.
Акбарҷон Каримов, сокини шаҳри Душанбе, омӯзгори фанни Суруд
ва мусиқӣ дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №49 аст. Ӯ 12 сол дар мактаб-интернати
нобинон таҳсил кардааст.
“Ба мо аз синфи 1 то 12 таъкид мекарданд, ки то метавонед,
мустақил шуданро ёд гиред. Ба умеди пайвандон нашавед. Онҳо албатта, то ҳадди
имкон кӯмак мекунанд, вале аробаи зиндагии хешро ҳар кас худаш бояд бикашад”,- гуфт
ҳамсуҳбати мо.
Акбарҷон бо ҳамин рӯҳия баъди хатми мактаб-интернат ба
факултети филологияи тоҷик дохил мешавад. Баъди хатми ин даргоҳ ҳамсуҳбати мо
се соли дигар дар риштаи фарҳанги ДДФСТ ба номи М.Турсунзода таҳсил мекунад.
Ӯ аз хурдӣ мусиқиро дӯст медошт ва аллакай дар чандин
фестивалу озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявию берун аз он иштирок кардааст.
“Ман аллакай дар байни ҷомеа будам. Маро мешинохтанд ва бо
одамон тез забон меёфтам. Ягона мушкили ман ин буд, ки дар роҳ мустақил
набудам. Ба асо одат надоштам ва ҳамеша ба кӯмаки одамон ниёз доштам”,- афзуд
меҳмони подкасти мо.
Акбарчон нақл кард, ки гапҳои одамон ӯро ғамгин мекард ва
намехост дар назди мардум худро нотавон ҳис кунад. Вале баъдан асо гирифт ва ба
гуфтаи худаш аз ҳамон вақт мустақилияти комилро ба даст овард.
Ҳамсуҳбати мо ҷойи кор меҷуст, вале ба ӯ баҳона пеш
меоварданд, ки дар ҷараёни кор дар тахта навиштан лозим. Ӯ танҳо бо дастгирии
дӯстонаш тавонист ба мактаб ҳамчун муаллими мусиқӣ ба кор дарояд.
Ба гуфтаи ҳарду меҳмони мо дар ҷомеаи Тоҷикистон ҳанӯз ҳам
доғгузорӣ ё стигматизатсия мавҷуд аст, вале нисбат ба солҳои пеш хеле кам
шудааст.
Ҳадафи умумии лоиҳа саҳми устувор гузоштан дар пешбурди
фарогирии маъюбон дар тамоми соҳаҳои ҳаёт ва амалӣ намудани ҳуқуқҳои онҳо дар
Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ тавассути шабакаи мутақобила ва
стандартизатсияи омодасозии мутахассисон ва рушди низоми иҷтимоӣ мебошад.
Яке аз ҳадафҳои асосии лоиҳа мусоидат дар муттаҳидсозии
санадҳои қонунгузории меъёри касбӣ ва таълим оид ба тайёр намудани кадрҳо дар
соҳаи корӣ-иҷтимоӣ дар кишварҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва
Узбекистон аст.
Подкасти мазкур бо дастгирии молиявии Вазорати федералии
ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушди Олмон (БМЗ) дар доираи лоиҳаи минтақавӣ оид ба ба
муттаҳидсозии сохторҳои Тавонбахшӣ дар сатҳи маҳал (ТСМ) дар Тоҷикистон,
Қирғизистон, Узбекистон ва Казоқистон ва касбигардонии минбаъдаи омӯзиши кори
иҷтимой бо истифодаи раҳёфти ТСМ таҳия карда шудааст. Мӯҳтавои подкасти мазкур
ифодагари нуқтаи назари Вазорати федералии ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушди Олмон
(БМЗ) намебошад.
May 2, 2024
42 min

Дар меҳмонии нашри навбатии подкасти “Аз сил ҳарфе бигӯ!” Толибҷон Каримов,
нафаре, ки бемории силро аз сар гузаронидааст, ба мо аз таҷрибаи худ оид ба
таботати он гуфт. Толибҷон қисса кард, ки ҳангоми табобат кадом қоидаҳоро риоя
бояд кард ва дар ин раванд чӣ аз ҳама бештар муҳим аст.
Дар рафти подкаст дар экранҳои шумо рамзҳои QR
пайдо мешаванд, ки онҳоро скан карда, тариқи рамзи аввал аз пурсишномаи
анонимӣ гузашта, хатари имконпазири гирифторшавӣ ба силро дар худ муайян
карда метавонед.
Дар рамзи дуюм суроғаи марказҳои зиддисилиро, ки
дар онҳо аз ташхис гузаштан мумкин аст, ёфта метавонед.
Инчунин шумо метавонед бо пайванд (ссилка) https://ntp.tj/pursish/ ба пурсишномаи
анонимӣ гузашта, суроғаи марказҳои зиддисилӣ https://ntp.tj/site/?page_id=1227 пайдо кунед.
Силсилаи подкастҳоро Your.tj дар якҷоягӣ бо филиали Family
Health International (FHI 360) дар Тоҷикистон омода кардааст.
Силсилаи подкастҳои мазкури Лоиҳаи оиди бартараф
намудани бемории сил дар Тоҷикистон бо кӯмаки мардуми Амрико эҷод шудааст, ки
он аз тариқи Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ расонида мешавад. Мазмун ва
мундариҷаи ин муҳтаво маҳсули ҶДММ "Аломат" буда, метавонад бо нуқтаи
назари USAID ва Ҳукумати ИМА мувофиқат накунад.
Apr 30, 2024
23 min

Нашри навбатии силсилаи подкастҳои “Аз сил ҳарфе бигӯ” дар формати пурсиши блитс мегузарад. Яъне мутахассис ба саволҳои мо зуд ва кӯтоҳ посух медиҳад. Мавзӯи нашри имрӯза “Бофтаҳо ва ҳақиқат дар бораи сил” мебошад, ки ба Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо сил бахшида шудааст.
Ҳамасола 24 март Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо сил қайд мешавад. Он соли 1982, расо баъд аз 100 соли тавсифи аввалини ангезандаи сил аз ҷониби
микробиологи олмонӣ Роберт Кох муқаррар шудааст. Кашфиёт ташхис ва табобати ин бемориро имконпазир гардонид.
Абдулло Маҳмадов, муовини якуми директори “Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил” бо мо дар мавриди ақидаҳое оид ба сироят, табобат ва хусусиятҳои сил суҳбат кард, ки дар байни
мардум паҳн шудаанд.
Оё равғани саг, хирс, қимиз ба сил шифо мебахшанд? Оё сил ба воситаи зарф ва дигар ашёи истифодаи умум сироят меёбад? Рост аст, ки кӯдакон ба бемории сил гирифтор намешаванд? Рост аст, ки сил бемории камбизоатон аст? Ба ин ва дигар саволҳо Абдулло Маҳмадов дар меҳмонии подкасти “Аз сил ҳарфе бигӯ!” посух дод.
Дар рафти подкаст дар экранҳои шумо рамзҳои QR пайдо мешаванд, ки онҳоро скан карда, тариқи
рамзи аввал аз пурсишномаи анонимӣ гузашта,
хатари имконпазири гирифторшавӣ ба силро дар худ муайян карда метавонед.
Дар рамзи дуюм суроғаи марказҳои зиддисилиро, ки дар онҳо аз ташхис гузаштан мумкин аст, ёфта
метавонед.
Инчунин, пайвандҳо (ссилкаҳо) ба пурсишномаи
анонимӣ https://ntp.tj/pursish/ ва суроғаи марказҳои зиддисилӣ https://ntp.tj/site/?page_id=1227 дар матни зери ин нашр низ гузошта мешаванд.
Силсилаи подкастҳоро Your.tj дар
якҷоягӣ бо филиали Family Health International (FHI 360) дар Тоҷикистон омода
кардааст.
Силсилаи
подкастҳои мазкури Лоиҳаи оиди бартараф намудани бемории сил дар Тоҷикистон бо
кӯмаки мардуми Амрико эҷод шудааст, ки он аз тариқи Агентии ИМА оид ба рушди
байналмилалӣ расонида мешавад. Мазмун ва мундариҷаи ин муҳтаво маҳсули ҶДММ "Аломат" буда, метавонад бо нуқтаи назари USAID ва Ҳукумати ИМА мувофиқат накунад.
#tajikistan #yourtj #таджикистан #тоҷикистон #сил #кӯдак #бцж #бемориисил #podcast #подкаст
Apr 15, 2024
14 min

Мавзӯи имрӯзаи мо лоиҳаи Тавонбахшӣ дар сатҳи маҳал барои шахсони дорои
маъюбият мебошад, ки 12 сол инҷониб аз тарафи дафтари Ассотсиатсияи Каритаси
Олмон амалӣ мешавад.
Ҳадафи умумии лоиҳа саҳми устувор гузоштан дар пешбурди фарогирии маъюбон
дар тамоми соҳаҳои ҳаёт ва амалӣ намудани ҳуқуқҳои онҳо дар Тоҷикистон ва
кишварҳои Осиёи Марказӣ тавассути шабакаи мутақобила ва стандартизатсияи
омодасозии мутахассисон ва рушди низоми иҷтимоӣ мебошад.
Яке аз ҳадафҳои асосии лоиҳа мусоидат дар муттаҳидсозии санадҳои
қонунгузории меъёри касбӣ ва таълим оид ба тайёр намудани кадрҳо дар соҳаи
корӣ-иҷтимоӣ дар кишварҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбекистон
аст.
Умеда Мунавварова, ҳамоҳангсози барномаи Тавонбахшӣ дар сатҳи маҳал,
дафтари Ассотсиатсияи Каритаси Олмон дар Тоҷикистон ва Муҳаббат Муродова,
роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии “Дурахшон”, муассиси Ассотсиатсияи миллии мактабҳои
корӣ-иҷтимоии Тоҷикистон дар меҳмонии мо ин мавзӯро шарҳи бештар доданд.
Подкасти мазкур бо дастгирии молиявии Вазорати федералии ҳамкориҳои
иқтисодӣ ва рушди Олмон (БМЗ) дар доираи лоиҳаи минтақавӣ оид ба ба
муттаҳидсозии сохторҳои Тавонбахшӣ дар сатҳи маҳал (ТСМ) дар Тоҷикистон,
Қирғизистон, Узбекистон ва Казоқистон ва касбигардонии минбаъдаи омӯзиши кори
иҷтимой бо истифодаи раҳёфти ТСМ таҳия карда шудааст. Мӯҳтавои подкасти мазкур
ифодагари нуқтаи назари Вазорати федералии ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушди Олмон
(БМЗ) намебошад.
Mar 29, 2024
43 min

Дар сурати мавҷудияти кадом нишонаҳо бояд ташхиси фаврӣ гузаронида шавад? Чӣ тавр бемории силро ошкор кардан мумкин аст? Дар Тоҷикистон кадом усулҳои самараноки ташхис мавҷуданд?
Дар нашри навбатии силсилаи нави подкастҳои “Аз
сил ҳарфе бигӯ!” Шаҳноза Аъзамова, муовин директори “Маркази ҷумҳуриявии
ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил”, мутахассис оид ба пешгирӣ ва табобати бемории сил
ба ин ва дигар саволҳои мо посух дод.
Нишонае, ки аз ҳама бештар дида мешавад, ин сулфа зиёда аз ду ҳафта, баландшавии ҳарорати бадан то аз 37 то 38 дараҷа, дард дар қафаси сина, лоғаршавӣ, гум шудани иштиҳо, камҳаракатӣ мебошад.
“Вақте ҳамин нишонаҳо пайдо мешаванд, шаҳрвандон бояд ҳатман ба маркази саломатии ҷойи зисташон муроҷиат намоянд”, - гуфт мутахассис.
Табиби силшинос ё духтури оилавӣ шахси муроҷиаткунандаро аз назар гузаронида,
ба ташхисҳои минбаъда равона мекунад. Яке аз ташхисҳои асосӣ ин муоинаи акси рейнтгении қафаси сина аст.
“Вақте дар акси рейнтгенӣ тағйирот дида мешавад, ташхиси балғам гузаронида мешавад”, - шарҳ дод Шаҳноза Аъзамова.
Ӯ гуфт, дар ҳама шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ҳоло дастгоҳҳои муосири ташхиси рейнтгении қафаси сина ва инчунин дастгоҳҳои Gen-эксперт мавҷуданд ва ташхис бо ин усулҳо ройгон аст.
“Кӯдакон, ки то синни даҳсолагӣ мустақилона хориҷ кардани маводҳои ташхисиро наметавонанд. Барои ҳамин дар байни кӯдакон ошкори саривақтии бемории
сил ва истифодаи дастгоҳҳои ташхисии индуксиявии балғам ба роҳ монда шудааст”, - қайд намуд мутахассис.
Ба гуфтаи ӯ, ин гуна дастгоҳ дар Тоҷикистон 6 адад, аз ҷумла, 1-то дар Душанбе, 4-то дар вилоятҳо ва 1 адади дигар дар минтақаи Рашт мавҷуд аст.
Бори дигар ба бинандагон хотиррасон менамоем, ки табобати бемории сил дар Тоҷикистон ройгон буда, он ирсӣ нест ва бо ташхиси саривақтӣ комилан табобат
мешавад.
Силсилаи подкастҳор Your.tj дар якҷоягӣ бо филиали Family Health International (FHI 360) дар Тоҷикистон омода кардааст.
Ин силсилаи подкастҳои Лоиҳаи оид ба бартараф намудани бемории сил дар Тоҷикистон бо кӯмаки мардуми Амрико омода шудааст, ки он аз
тариқи Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ расонида мешавад. Мазмун ва мундариҷаи ин муҳтаво маҳсули ҶДММ "Аломат" буда, метавонад бо нуқтаи назари USAID ва Ҳукумати ИМА мувофиқат накунад.
#tajikistan #yourtj #таджикистан #тоҷикистон #сил #кӯдак #бцж #бемориисил #podcast #подкаст
Mar 19, 2024
11 min

Занон ва сил. Чаро дар онҳо ин беморӣ мушкилтар
мегузарад ва ин мушкилиҳоро чӣ тавр бартараф бояд кард? Дастгирии пайвандон дар ин ҳолат чӣ нақш мебозад? Ба ин ва дигар саволҳо дар арафаи Рӯзи модарон дар нашри навбатии силсилаи нави подкастҳои – “Аз сил ҳарфе бигӯ!” посух дарёфтем.
Абдулло Маҳмадов, муовини якуми директори “Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил” ва Шаҳноза Аъзамова, муовин ва мутахассис оид ба пешгирӣ ва табобати бемории сил ин мавзӯъро ба шарҳ доданд.
Бояд ёдовар шуд, ки бемории сил ирсӣ нест ва аз
шахси бемор ба таври қатрагӣ ва ҳавоӣ мегузарад. Дар Тоҷикистон ташхис ва табобати бемории сил пурра ройгон ба роҳ монда шудааст.
Силсилаи подкастҳоро Your.tj дар якҷоягӣ бо
филиали Family Health International (FHI 360) дар Тоҷикистон омода кардааст.
Силсилаи подкастҳои мазкури Лоиҳаи оиди бартараф намудани бемории сил дар Тоҷикистон бо кӯмаки мардуми Амрико эҷод шудааст, ки он аз тариқи Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ
расонида мешавад. Мазмун ва мундариҷаи ин муҳтаво маҳсули ҶДММ "Аломат" буда, метавонад бо нуқтаи назари USAID ва Ҳукумати ИМА мувофиқат накунад.
#tajikistan #yourtj #таджикистан #тоҷикистон #сил #кӯдак #бцж #бемориисил #podcast #подкаст
Mar 5, 2024
23 min

Бофтаҳо ва ҳақ оиди бемории сил. Бемории сил ирсӣ нест. Ҳангоми ташхиси саривақтӣ ва пайравӣ ба табобат бемории сил комилан табобатшаванда аст. Дар Тоҷикистон муоина ва табобати бемории сил ройгон аст. "Ҳама мавзъуйҳо дар бораи бемории сил дар силсилаи нави подкастҳои мо - "Аз сил ҳарфе бигӯ!”
Силсилаи подкастҳои мазкури Лоиҳаи оиди
бартараф намудани бемории сил дар Тоҷикистон бо кӯмаки мардуми Амрико эҷод шудааст, ки он аз тариқи Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ расонида мешавад. Мазмун ва мундариҷаи ин эҷод маҳсули ҶДММ "Аломат" буда, метавонад бо нуқтаи назари USAID ва Ҳукумати ИМА мувофиқат накунад.
Feb 20, 2024
19 min

Доробшо Давлатшоев, номзади илмҳои техникӣ, дотсенти кафедраи “Пойгоҳҳои электрикӣ”-и Донишгоҳи техникии Тоҷикистон меҳмони подкасти навбатии “Гендернетика” шуд. Ӯ аз таҷрибаи омода
намудани кадрҳои ҷавон дар соҳаи энергетика ва ҷалби ҷавондухтарон ба ин соҳа гуфт.
Ба гуфтаи Давлатшоев, дар Донишгоҳи техникӣ талабот ба ихтисосҳои соҳаи энергетика нисбати дигар факултетҳо бештар будааст. Вале ӯ гуфт, ки дар ҳақиқат сафи духтарон кам аст.
“Аз замони рушди илму технология касбҳои техникиро ҳамчун касбҳои мардона қабул карда буданд. Вақте ин навгониҳо ба Осиёи Марказӣ омада расиданд, мардуми ин ҷо низ онро ҳамин тавр қабул карданд”,- шарҳ дод ӯ.
Ҳоло дар НБО Норак дар бароибари мардон занон низ машғули кори танзим ва навбатдории он ҳастанд, мегӯяд ҳамсуҳбати мо.
Афзудани шумораи занону духтаронро дар ин соҳа ӯ ба дараҷаи рушди техникиву саноатии кишвар вобаста медонад.
“Мо ҳанӯз ба қатори давлатҳои аграрӣ-техникӣ дохил мешавем. Сиёсати давлатӣ ҳам ҳаст, ки тибқи он бояд ҷалби занону духтарон ба илмҳои техникӣ афзояд”,- қайд намуд Давлатшоев.
Ӯ афзуд, ки энергетика соҳаи фарогир аст ва қариб дар ҳама намуди фаъолият, аз хоҷагии қишлоқ сар карда, то саноати киштисозиву корхонаву фабрикаҳои гуногун ба кор меояд.
Мо ин силсилаи подкастҳоро “Гендернетика” – аз ду калима: гендер ва энергетика номидем. Дар Тоҷикистон барномаи Бонки Осиёии Рушд барои рушди бахши энергетика амалӣ мешавад. Яке аз натиҷаҳои ин барнома ислоҳоти соҳа, баланд бардоштани
иқтидор, аз ҷумла афзоиши иштироки занон дар бахши энергетика мебошад.
Sep 29, 2023
14 min

Ҷовид Ғуломмуҳиддинов, директори амалиётии ширкати консалтингии “Тоҷгидро” дар нашри навбатии силсилаи подкастҳои “Гендернетика” меҳмон шуд. Ширкати “Тоҷгидро” ба машварат дар соҳаи энергетика машғул аст.
Пеш аз ин меҳмонон мо асосан аз ширкатҳои давлатӣ буданд. Мо дар ин нашри подкаст дар бораи он сӯҳбат кардем, ки чӣ тавр занон дар бахши хусусӣ дар соҳаи
энергетика худро пайдо карда метавонанд.
Ба гуфтаи Ҷовид дар ширкати “Тоҷгидро” шумораи занон ва мардон қариб ки баробар аст ва онҳо
кӯшиш мекунанд баробарии гендериро риоя намоянд. Онҳо дар вазифаҳои гуногун фаъолият мекунанд, аммо дар байнашон мутахассисони соҳаи энергетика каманд,
афзуд ӯ.
“Дар соҳаи энергетика вазифаҳое ба монанди молиячиёни энергетика (сметчик), эгенроаудит ва ғайра ҳастанд, ки қувваи зиёди ҷисмониро
талаб намекунанд”,- гуфт ҳамсуҳбати мо.
Ба гуфтаи ӯ занон аз уҳдаи иҷрои вазифаҳои дар боло зикр шуда баромада метавонанд.
Ҷовид аз рӯи мушоҳидаи фаъолияти ҳамкоронаш гуфт, ки занон дар кори худ нисбати мардон бомасъулияттаранд. Ҳамчунин дар қабули қароре
онҳо метавонанд ягон роҳи ҳалли алтернативиро пешниҳод намоянд.
“Тадқиқотҳо нишон медиҳанд, ки риояи баробарии гендерӣ ба саломатии молиявии ширкат низ таъсир мерасонад”,- илова кард ӯ.
Ҳамсуҳбати мо мегӯяд, мувофиқи маълумотҳои Маккензи ширкатҳое, ки дар онҳо баробарии гендерӣ риоя мешавад, аз ширкатҳое, ки онро
риоя намекунанд, 15 – 25% бартарӣ доранд ва 3,6 маротиба бештар қарорҳои
инноватсионӣ пешниҳод мекунанд.
“Мо дар ширкат барои мардону занон шароити баробари корӣ фароҳам овардаем, ҳатто баъзан занҳо нисбат ба мардҳо аз бартариятҳо бештар
бархӯрдоранд. Аммо бояд дарк намуд, ки занҳо берун аз фаъолияти корӣ низ маъсъулияти зиёд доранд”,- шарҳ дод Ҷовид Ғуломмуҳиддинов.
Ӯ мегӯяд, имкониятҳо дар илмҳои STEM (дақиқ), махсусан барои занону духтарон зиёданд ва ташкилотҳои хориҷӣ, сафоратҳо ва квотаҳои давлатӣ ба он таваҷҷуҳ доранд.
“Баробарии гендерӣ натанҳо ҳуқуқи инсонҳо, балки заминаи муҳим барои ноил шудан ба рушди устувор мебошад. Агар мо хоҳем, ки наслҳои ояндаи мо бомаърифат бошанд, бояд занҳои мо дар тамоми соҳаҳо иштирок кунанд”,- афзуд ҳамсуҳбати мо.
Sep 22, 2023
8 min

Меҳмони навбатии мо Мавҷуда Холиқзода собиқ муовини раиси ширкати “Барқи тоҷик” аз камтарин занҳоест, ки дар қатори топ-менеҷерони соҳаи энергетика фаъолият кардааст.
Ӯ нақл кард, ки ба соҳаи энергетика то чӣ андоза шавқу
ҳавас дошт. Бо орзуи муваффақ шудан дар соҳаи писандида ва ба расидан ба зинаҳои баланд Мавҷуда ба Донишкадаи техникӣ дохил шуда, онро бо баҳои аъло хатм кард ва соҳиби ҷойи кор гардид.
Вале тавре худаш мегӯяд, шавҳараш кор кардани ӯро нахост.
“Падарарӯсам мусоидат кард, ки ман дар соҳаи дӯстдоштаам
фаъолиятро идома диҳам”,- қайд намуд ӯ.
Мавҷуда Холиқзода мегӯяд, баробарии имкониятҳо барои
марду зан дар соҳаи энергетика аз худи шахс вобаста аст. Танҳо иродаи қавӣ ва масъулиятнокӣ метавонад занонро дар ин ҷода муваффақ гардонад, андеша дорад ӯ.
“Ман ба духтарони ҷавон тавсия медиҳам, ки агар ба соҳаи
энергетика шавқ дошта бошанд, аз паси амалигардонии он шаванд. Ман 42 сол дар ин соҳа кор кардам, вале то ҳанӯз сафи занони ҳамкасби ман ниҳоят кам аст”,-
афзуд Мавҷуда Холиқзода.
Мо ин силсилаи подкастҳоро “Гендернетика” – аз ду калима: гендер ва энергетика номидем. Дар Тоҷикистон барномаи Бонки Осиёии Рушд барои рушди бахши
энергетика амалӣ мешавад. Яке аз натиҷаҳои ин барнома ислоҳоти соҳа, баланд бардоштани иқтидор, аз ҷумла афзоиши иштироки занон дар бахши энергетика
мебошад.
Ҳар ҳафта меҳмонони мо аз таҷрибаи кор дар соҳаи энергетика мубодилаи афкор намуда, духтаронро ҳавасманд мекунанд ва масъалаҳоеро ба миён мегузоранд, ки аз
ҳалли онҳо татбиқи сиёсати гендерӣ дар соҳаи энергетикаи Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат вобастагӣ дорад.
Sep 15, 2023
19 min
Load more
