Show notes
Дар нашри навбатии силсилаи подкастҳои “Модари солим, кӯдаки солим” суҳбатедоштем дар хусуси зани ҳомилаву ширмакон аз нигоҳи дини ислом бо ҶамолиддинХомӯшӣ, мударриси Донишкадаи исломии Тоҷикистон ва аъзои Шӯрои уламо.Ҳаёти занушавҳарӣ зиндагии муштарак аст, Худованд занро барои мард вамардро барои зан офаридааст, қайд намуд дар оғози суҳбат ходими дин. “Чуноне ки инсон бо либос зебост ва маҳз либос айбу камбудиҳои тани ӯромепӯшонад, ҳамин тавр, зану шавҳар низ камбудиҳои якдигарро дар зиндагӣ боядпӯшонанд ва обрӯи ҳамдигарро ҳифз кунанд. Аз нигоҳи дин тамоми масъулияти занба зиммаи мард аст ва он имтиёзҳое, ки шариат ба зан додааст, дар ягон қонунибашарӣ ба чунин дараҷа дида намешавад”,- таъкид кард Хомӯшӣ.Ӯ қайд намуд, дар оиладорӣ нақши хушдоман ҳамчун шахси муътабари оила муҳимаст, аммо хушдоман набояд аз доираи инсоф берун муносибат кунад ва келинроҳамчун фарзанди худ қабул намояд.“Дар урфияти мардуми мо агар ба хонае ворид мешуд, ки он ҷо пухтупаздоранд, ҳатман аз қафояш ғизое мефиристоданд, то дилаш наранҷад. Ба ин чиз маҳзхушдоман бояд аҳамият диҳад”,- афзуд ходими дин.Дар қабули қарорҳои муштарак оид ба датгирӣ ва ғамхорӣ нисбат ба ғизоимодару кӯдак зану шавҳар, махусан шавҳар уҳдадориҳои зиёд дорад, мегӯядҶамолиддин Хомӯшӣ. Ба гуфтаи ӯ, мард барои хароҷоти тифли батни ҳамсараш ётаваллудшуда ҳеҷ гоҳ бухл наварзад.Давоми мавзӯро бо шарҳу тавзеҳоти Ҷамолиддин Хомӯшӣ дар подкасти мо тамошокунед.Лоиҳаи “Модари солим, кӯдаки солим” дар Тоҷикистон бо кӯмаки Агентии ИМА оидба рушди байналмилалӣ (USAID, дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоииаҳолӣ татбиқ мегардад.Ҳадафи лоиҳа кор аз болои тағйирёбии меъёрҳои иҷтимоӣ ва одатии ғизо,инчунин нигоҳубини саломатии модарону кӯдакон мебошад, ки ба интихобитаҷрибаҳои тарзи ҳаёти солим мусоидат мекунад.



