Show notes
Дар нашри навбатии силсилаи подкастҳои “Бизнес среда” мавзуи “Нақши зан дар тиҷорат ва хусусиятҳои пешбурди тиҷорат аз нигоҳи зан”-ро муҳокима кардем. Манзура Ғафурова, муассиси клиникаи “Шавкат” дар шаҳри Ваҳдат дар суҳбат ба мо аз таҷрибаи худ гуфт.Ӯ замоне дар беморхонаи ноҳиявӣ ҳамчун мутахассиси тиб кор мекард. Манзура ба мо нақл кард, ки чӣ гуна роҳи тиҷоратро пеш гирифт ва дар ин самт чӣ мушкилиҳоро паси сар кард.“Як рӯз, вақте аз навбатдорӣ баромадам, сардухтури беморхонаи ноҳиявӣ маро ба утоқаш таклиф кард. Ӯ пешниҳод кард, ки ман ҳамчун мутахассис акушер-гинеколог як дастгоҳи ташхиси ултрасадо гирам. Зеро ноҳияи мо ниҳоят калон аст ва ҳамон вақт норасоии хизматрасонӣ эҳсос мешуд. Баъди маслиҳат бо оила барои оғози ин кор 8 моҳ хондам. Баъд бо ёрии наздикон дастгоҳро харидам. Дар нашри навбатии силсилаи подкастҳои “Бизнес среда” мавзуи “Нақши зан дартиҷорат ва хусусиятҳои пешбурди тиҷорат аз нигоҳи зан”-ро муҳокима кардем.Манзура Ғафурова, муассиси клиникаи “Шавкат” дар шаҳри Ваҳдат дар суҳбат ба моаз таҷрибаи худ гуфт.Ӯ замоне дар беморхонаи ноҳиявӣ ҳамчун мутахассиси тиб кор мекард. Манзураба мо нақл кард, ки чӣ гуна роҳи тиҷоратро пеш гирифт ва дар ин самт чӣмушкилиҳоро паси сар кард.“Як рӯз, вақте аз навбатдорӣ баромадам, сардухтури беморхонаи ноҳиявӣ мароба утоқаш таклиф кард. Ӯ пешниҳод кард, ки ман ҳамчун мутахассисакушер-гинеколог як дастгоҳи ташхиси ултрасадо гирам. Зеро ноҳияи мо ниҳояткалон аст ва ҳамон вақт норасоии хизматрасонӣ эҳсос мешуд. Баъди маслиҳат бооила барои оғози ин кор 8 моҳ хондам. Баъд бо ёрии наздикон дастгоҳро харидам.Аз моҳи январи соли 2002 аввалин шуда дар шаҳри Ваҳдат хизматрасонии тиббироҳамчун соҳибкори андозсупоранда таъсис додам”,- нақл кард Манзура Ғафурова.Ӯ мегӯяд, қадамҳои аввал дар он солҳо барояш мушкил буд. На ҳама метавонистба маркази шаҳр омада, аз ташхис гузарад. Бо вуҷуди ин Манзура ба ин соҳа воридшуд.“Соли 2008 ҳамфикронам пайдо шуда, маслиҳат кардем, ки утоқи маро васеътаркунем. Ҳамин тавр, мо 10 ҳуҷраро аз беморхона ба иҷора гирифта, сатҳихизматрасониро беҳтар кардем. Корамон барор гирифт ва ҳатто ин 10 ҳуҷра камӣкард. Ба ҳукумати маҳаллӣ муроҷиат кардем ва ба мо замин ҷудо карданд. Дарбайни 2 сол бинои клиникаи “Шавкат”-ро бо тамоми шароитҳои муосир сохтем”,- бахотир овард мутахассис.Ҳамин тавр, Манзура соли 2017 дар ноҳияи Спитамен филиали клиникаи“Шавкат”-ро таъсис дод, ки дар он 15 нафар кормандони тиб фаъолият мекунанд.“Душвории асосӣ маблағ буд. Мо аз бонкҳо бо фоизҳои нисбатан паст қарзгирифтем. Мушкили дигар норасоии мутахассисон буд. Хушбахтона, имрӯз мо бо 17нафар мутахассисони дараҷаи олӣ ва 2 нафар номзадҳои илми тибб ҳамкорӣ дорем”,-афзуд ҳамсуҳбати мо.Манзура мегӯяд, ҳамчун духтур саводнокии молиявии кофӣ надошт, ки ин барояшмушкил эҷод мекард. Вале бо иштирок дар тренингу семинарҳо онро бартараф кард.Махсусан, барномаи“Машваратҳо барои тиҷорати хурд” аз Бонки аврупоии таҷдид ва рушд барои ӯ нақшимуҳимеро иҷро намуд.“Маро ба кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Қазоқистон фиристоданд. Аз мутахассисонботаҷрибаи он ҷо, ки клиникаҳои шахсии худро доштанд, дарс гирифтам, бо корионҳо аз надик шинос шудам. Ин бароям як мактаби калон буд”,- шарҳ дод МанзураҒафурова.Дар бораи он ки тиҷорат дар ҳаёти Манзура чӣ аҳамият дорад, клиникаи ӯ бакадом дастовардҳо ноил шудааст ва оянда бо чӣ ангеза кадом нақшаҳоро амалӣмекунад дар подкасти навбатии мо тамошо кунед.Силсилаи подкастҳо бо дастгирии барномаи Бонки аврупоии таҷдид ва рушд “Машваратҳобарои тиҷорати хурд” дар Тоҷикистон омода шудааст. Барнома аз ҷониби ҲукуматҳоиШвейтсария ва Ҷопон тавассути Фонди тиҷорати хурди БАТР, ки аз ҷониби Италия,Корея, Люксембург, Норвегия, ҳукумати Швейтсария, Шветсия, ИМА, Фонди ҳамкориитехникии тиҷорати Тайван маблағгузорӣ карда мешавад, дастгирӣ меёбад.



