Show notes
Нишонаҳои бемории сил дар кӯдакон ва калонсолон фарқ намекунад. Сулфаидарозмуддат (зиёда аз 2 ҳафта), табъи баланд, арақкунии шабона ва дар ҳолатидер муроҷиат кардан дард дар қафаси сина ва туф кардани хун аз аломатҳои асосииин беморӣ мебошанд. Дар нашри панҷуми силсилаи подкастҳои “Аз сил ҳарфе бигӯ!” дар бораи бемории сили миёни кӯдакон боАслиддин Раҷабзода, мутахассиси Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии ҳимояиаҳолӣ аз бемории сил” суҳбат кардем. Ёдовар мешавем, ки бемории сил ирсӣ нест, ҳангоми ташхиси саривақтӣ ватабобат бемор метавонад аз он комилан раҳо ёбад. Дар Тоҷикистон муоина ва табобатибемории сил ройгон аст. Усулҳои маъмулии ташхис ва муайянсозии бемории сил – акси рейнтгении қафасисина ва таҳлили балғам дар кӯдакон низ истифода бурда мешавад. “Аз кӯдакони хурдсол гирифтани балғам душвор аст. Аз ин лиҳоз, ҳоло баТоҷикистон дастгоҳҳои индуксионӣ ворид шудааст, ки бо истифода аз он таҳлилбалғами кӯдакони хурдсолро гузаронем. Инчунин, аз таҳлили наҷосати кӯдак низмуайян кардани бемории сил имконпазир аст, ки ин усул низ дар Тоҷикистон навтаҷриба мешавад”,- гуфт Аслиддин Раҷабзода. Ба гуфтаи мутахассис, ҳоло ваксина бар зидди бемории сил вуҷуд надорад,вале ваксина барои пешгирии ҳолатҳои вазнини сил барои кӯдакон ҳастанд. “Ин ҳамон ваксинае ҳаст, ки дар серӯзагии кӯдак дар таваллудхонаҳогузаронида мешавад. Он кӯдакро дар давоми ҳаёт аз оризаҳои бемории сил, бамонанди сили майнаи сар, минингит эмин медорад”,- афзуд Раҷабзода. Ӯ шарҳ дод, ки ин ваксина барои пешгирии оризаҳои бемории сил гузаронидамешавад, на барои пегирии бемории сил. Ба ин беморӣ дар давоми ҳаёт гирифторшудан ё нашудани шахс кафолат дода намешавад, зеро ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо азчор як ҳиссаи аҳолии ҷаҳон аллакай сироятёфта ба ҳисоб мераванд. “Омилҳо лозиманд, ки нафарони сироятёфта ба бемории сил гирифтор шаванд,хоҳ кӯдак бошад, хоҳ шахси калонсол. Омилҳо ҳамин аст, ки масъунияти бадан пастмегардад ва боиси гирифторшавии шахси сироятёта ба сил мегардад”,- афзудмутахассис. Ҷавоб ба саволҳои дигар ва шарҳи бештари мавзӯро дар шакли пурраи подкасттамошо карда метавонед.



