Кори иҷтимоӣ танҳо хоҳиши кӯмак ба одамоннест. Вақте сухан дар бораи ҳифзи кӯдакон меравад, ҳар як қарори мутахассисметавонад ба сарнавишти кӯдак ва тамоми оилаи ӯ таъсир расонад. Аз ин рӯ, инкасб дониши амиқ, малакаҳои амалӣ ва масъулияти баланди касбиро талаб мекунад.
Дар нашри аввали подкасти «Дар ҳифзи кӯдакон»мо баррасӣ мекунем, ки чаро имрӯз кори иҷтимоӣ ҳамчун як касби мустақил эътирофшудааст, мутахассисоне, ки бо кӯдакон кор мекунанд, бояд кадом салоҳиятҳородошта бошанд ва чаро омодасозии босифати кадрҳо яке аз шартҳои асосии фаъолиятисамараноки низоми ҳифзи кӯдакон ба ҳисоб меравад.
Меҳмонони барнома: Қурбон Гиёев — дотсентикафедраи кори иҷтимоии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон; Субҳон Ашуров — докториилмҳои иқтисодӣ, директори Ассотсиатсияи мактабҳои кори иҷтимоии Тоҷикистон вамушовири созмони олмонии Caritas оид ба стандартҳои салоҳият дар соҳаи корииҷтимоӣ.
Дар ин барнома хоҳед фаҳмид:
● чаро танҳо таҷрибаи зиндагӣ бароикор бо кӯдакон ва оилаҳо кофӣ нест;
● кадом дониш ва малакаҳо бароикорманди муосири иҷтимоӣ ҳатмӣ мебошанд;
● чаро мутахассисон ба стандартҳоикасбӣ ва равиши салоҳиятнок ниёз доранд;
● донишгоҳҳо дар омодасозии кадрҳочӣ нақш доранд;
● чаро сармоягузорӣ ба таҳсилотикормандони иҷтимоӣ сармоягузорӣ ба бехатарӣ ва некӯаҳволии кӯдакон аст.
Подкаст барои мутахассисони соҳаи иҷтимоӣ,омӯзгорон, донишҷӯён, намояндагони мақомоти давлатӣ ва ҳамаи онҳое, ки ба рушдинизоми ҳифзи кӯдакон дар Тоҷикистон таваҷҷуҳ доранд, ҷолиб хоҳад буд.
Подкасти «Дар ҳифзи кӯдакон» аз ҷониби ФилиалиАссотсиатсияи Каритас Олмон дар Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи «Касбигардониикори иҷтимоӣ барои қонеъ кардани ниёзҳои ҳифзи кӯдакон дар Тоҷикистон» бодастгирии молиявии Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон) ташкил шудааст.



