Show notes
Ғизои соли барои кӯдаки то шашмоҳа – ин шири модар аст. Баъди шашмоҳагӣ
вақте ҳаракатҳои кӯдак зиёд мешавад, ба ӯ нерӯи бештар лозим аст ва аллакайшири модар то 20-30% камқувваттар мешавад. Аз ҳамин сабаб кӯдак аллакай бағизои иловагӣ ниёз дорад.Дар нашри навбатии подкасти “Модари солим – кӯдаки солим” Фарида
Аловуддинова, муовини директори МД Маркази ҷумҳуриявии таълимию клиникии тиббиоилавӣ гуфт, ки чӣ тавр ба кӯдак бояд ғизои иловагиро дуруст дод.Ин мутахассис гуфт, ки модарон баъзан то шашмоҳагӣ низ кӯшиш мекунанд ба
кӯдак ғизои иловагӣ диҳанд, ки ин нодуруст аст. Зеро меъдаву рӯдаҳои кӯдак дарин вақт ҳоло бисёр нозук аст ва тавони ҳазми онро надорад.“Аз синни шашмоҳагӣ ғизои иловагиро зина ба зина таъйин мекунем, пеш аз
ҳама ба кӯдак пюреи сабзавотӣ аз сабзавоте, ки дар Тоҷикистон доимо дастрасҳастанд, ба мисли картошка, сабзӣ, каду ҳамчун ғизои иловагӣ додан мумкинаст”,- гуфт ӯ.Ба гуфтаи мутахассис набояд ин ғизо аз дастархони умумӣ гирифта шавад, яъне
барои ғизои иловагии кӯдак каме вақту меҳнати бештар сарф карда, алоҳида омодакардан лозим аст. Ин корро ақаллан то яксолагии кӯдак кардан зарур аст.Ҳамчунин, модар ғизои иловагиро дар аввал бояд бо шири худ омехта карда ба
кӯдак диҳад, зеро кӯдак бӯи ширро ҳис мекунад ва ҳамин тариқ ба тадриҷ ба тамъубӯи нав одат мекунад.“Барои фаҳмидани он ки кӯдак ба кадом навъи маҳсулот аллергия дорад, дар
аввал танҳо аз як навъи маҳсулот тайёр кардани ғизои иловагӣ муҳим аст. Баъдихӯронидани ғизо ба кӯдак бештар аҳамият додан лозим, ки ягон тағйирот мешавад ёне”,- қайд намуд Фарида Аловуддиновна.Ӯ гуфт, ба кӯдак бояд мустақилона гирифтани қошуқ ва хӯрок хӯрданро аз
ҳамон рӯзҳои аввали додани ғизои иловагӣ ёд дод.“Зеро ин ҳам ба саломатии ӯ ва ҳам ба рушди зеҳнии кӯдак муфид аст. Ӯ бо
шавқ қошуқро медорад ва як ҳисси навро эҳсос мекунад, чун бори аввал кореромустақилона иҷро мекунад. Мустақилона хӯрдан низ ба ҳазми он таъсирмерасонад”,- афзуд ҳамсуҳбати мо.Лоиҳаи “Модари солим, кӯдаки солим” дар
Тоҷикистон бо кӯмаки Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) дар ҳамкорӣбо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ татбиқ мегардад.


