Show notes
Ислом ҳамеша исрор бар ин
мекунад, ки шумо дар ҳар навъи беморӣ ба мутахассиси он муроҷиат кунед ва ончизе, ки ба шумо барои табобати он тавсия карда мешавад, иҷро кунед. Ва агаринсон инро накард, дар назди Худованд гунаҳкор мешавад, шарҳ дод МаҳмудСангалиев, мутахассиси калони шуъбаи фатвои Шӯрои уламои Маркази исломииҶумҳурии Тоҷикистон.Ӯ дар нашри навбатии
подкасти “Аз сил ҳарфе бигӯ” дар студияи Your.tj дар бораи пешгириву табобатисил, огоҳонидани мардум аз ин беморӣ, дастгирии наздикони шахси бемор ва ғайрааз нигоҳи дини Ислом гуфт.Маҳмуд Сангалиев вобаста ба
пешгирии бемории сил риояи тозагиро дар ҷои аввал гузошт ва гуфтаҳояшро азнигоҳи Ислом шарҳ дод.“Дини мубини Ислом назофатро
ҳатто шохае аз имон медонад. Бинобар ин, ман фикр мекунам, ки яке аз омилҳоипешгирикунанди бемории сил ҳамин нигоҳ доштани покизагии инсонҳо аст”,- гуфт ӯ.Ба гуфтаи ин мутахассис,
Ислом ба эҳтиёткорӣ ва нигаҳдории саломатии инсон ҳамеша таъкид мекунад.Худованд фармудааст, ки ҳаёт барои инсон амонат аст ва бояд онро эҳтиёт кунад.Ба ҳамин асоснок карда,
Маҳмуд Сангалиев гуфт, ки вақте инсон бемор мешавад, бояд ҳатман ба мутахассисмуроҷиат кунад ва аз паси табобати худ бошад.“Ислом ҳамеша исрор бар ин
мекунад, ки шумо дар ҳар навъи беморӣ ба мутахассиси он муроҷиат кунед ва ончизе, ки ба шумо барои табобати он тавсия карда мешавад, иҷро кунед, вагарнадар назди Худованд гунаҳкор мешавад”,- афзуд вай.Ӯ гуфт, мисли ҳамаи дигар
бемориҳо инсон ҳангоми ба сил гирифтор шудан низ бояд саривақт ба табибмуроҷиат кунад ва ин дар ислом фарзи айн маҳсуб меёбад.Давоми ин суҳбатро дар ин ҷо
тамошо кунед.Дар рафти подкаст дар экранҳои шумо рамзҳои QR
пайдо мешаванд, ки онҳоро скан карда, тариқи рамзи аввал аз пурсишномаианонимӣ гузашта, хатари имконпазири гирифторшавӣ ба силро дар худ муайянкарда метавонед.Дар рамзи дуюм суроғаи марказҳои зиддисилиро, ки
дар онҳо аз ташхис гузаштан мумкин аст, ёфта метавонед.Инчунин шумо метавонед бо пайванд (ссилка) https://ntp.tj/pursish/ ба пурсишномаи
анонимӣ гузашта, суроғаи марказҳои зиддисилӣ https://ntp.tj/site/?page_id=1227 пайдо кунед.Силсилаи подкастҳоро Your.tj дар якҷоягӣ бо филиали Family Health
International (FHI 360) дар Тоҷикистон омода кардааст.Силсилаи подкастҳои мазкури Лоиҳаи оиди бартараф намудани бемории сил дар
Тоҷикистон бо кӯмаки мардуми Амрико эҷод шудааст, ки он аз тариқи Агентии ИМАоид ба рушди байналмилалӣ расонида мешавад. Мазмун ва мундариҷаи ин муҳтавомаҳсули ҶДММ "Аломат" буда, метавонад бо нуқтаи назариUSAID ва Ҳукумати ИМА мувофиқат накунад.


