Show notes
Тоҷикистон Стратегияи рушди иқтисоди сабзро қабул кардааст. Аммо на ҳама
мефаҳманд, ки ин чӣ аст. Бисёриҳо, иқтисодисабзро танҳо бо нерӯи барқи обӣ алоқаманд медонанд. Аммо дар асл ин чист? Чаро гузаронидани аудити энергетикӣ даристеҳсолот муҳим аст ва ин ба иқтисоди сабз чӣ иртибот дорад?
Мо ин масъаларо бо ҷонишини директори ширкати “Системавтоматика” Мансур Қудусов муҳокима кардем.
Мафҳуми иқтисоди сабз нисбатан мафҳуми нав аст ва
маҳз он инсониятро водор менамояд, ки фаъолияти манфии иқтисодии худро бамуҳити зист кам намояд.
“Тоҷикистон ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ аст
ва иқтисодиёти он дар ҳоли рушд мебошад. Ҳамаи давлатҳои рӯ ба рушд бояд бароибеҳбудии муҳити зист рӯ ба иқтисоди сабз оваранд”,- шарҳ дод Мансур Қудусов.
Ӯ гуфт, Стратегияи рушди иқтисоди сабз барои солҳои
2023-2027 дар ҳоли амалишавӣ аст. Он аз чанд марҳила иборат аст. Тибқи он бароиистеҳсолоти хурду миёна якчанд имтиёзҳо пешбинӣ гардидааст.
“Марҳилаи аввал ба ташаккули маърифати экологӣ
нигаронида шудааст. Мувофиқи ин Стратегия то соли 2030 бояд 10 фоизи энергия азҳисоби нерӯгоҳҳои офтобиву бодӣ истеҳсол шавад. Баъдан кам кардани партовҳо,коҳиш додани гази карбон ва дуруст истифода бурдани обҳои табиӣ низ ба назаргирифта шудаанд”,- шарҳ дод мутахассис.
Қудусов қайд кард, ки ин ҳама марҳила ба марҳила
анҷом дода мешаванд ва ҳоло соҳибкорон дуруст дарк накардаанд, ки чӣ гуна имтиёзҳородоранд. Шарикони рушд барои онҳо кредитҳо ва грантҳоро пешниҳод мекунанд, ки боистифода аз он метавонанд худро ба иқтисоди сабз мутобиқ намуда, корро пешбаранд, афзуд ӯ.


