Show notes
Мавзӯи имрӯзаи мо лоиҳаи Тавонбахшӣ дар сатҳи маҳал барои шахсони дорои
маъюбият мебошад, ки 12 сол инҷониб аз тарафи дафтари Ассотсиатсияи КаритасиОлмон амалӣ мешавад.Ҳадафи умумии лоиҳа саҳми устувор гузоштан дар пешбурди фарогирии маъюбон
дар тамоми соҳаҳои ҳаёт ва амалӣ намудани ҳуқуқҳои онҳо дар Тоҷикистон вакишварҳои Осиёи Марказӣ тавассути шабакаи мутақобила ва стандартизатсияиомодасозии мутахассисон ва рушди низоми иҷтимоӣ мебошад.Яке аз ҳадафҳои асосии лоиҳа мусоидат дар муттаҳидсозии санадҳои
қонунгузории меъёри касбӣ ва таълим оид ба тайёр намудани кадрҳо дар соҳаикорӣ-иҷтимоӣ дар кишварҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбекистонаст.Умеда Мунавварова, ҳамоҳангсози барномаи Тавонбахшӣ дар сатҳи маҳал,
дафтари Ассотсиатсияи Каритаси Олмон дар Тоҷикистон ва Муҳаббат Муродова,роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии “Дурахшон”, муассиси Ассотсиатсияи миллии мактабҳоикорӣ-иҷтимоии Тоҷикистон дар меҳмонии мо ин мавзӯро шарҳи бештар доданд.Подкасти мазкур бо дастгирии молиявии Вазорати федералии ҳамкориҳои
иқтисодӣ ва рушди Олмон (БМЗ) дар доираи лоиҳаи минтақавӣ оид ба бамуттаҳидсозии сохторҳои Тавонбахшӣ дар сатҳи маҳал (ТСМ) дар Тоҷикистон,Қирғизистон, Узбекистон ва Казоқистон ва касбигардонии минбаъдаи омӯзиши корииҷтимой бо истифодаи раҳёфти ТСМ таҳия карда шудааст. Мӯҳтавои подкасти мазкурифодагари нуқтаи назари Вазорати федералии ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушди Олмон(БМЗ) намебошад.


