Show notes
Солрӯзи вафоти ҷонсӯзи паёмовари Карбало ва парчамдори қиёми Ошӯро ва эҳёгари аҳдофу ормонҳои имом Ҳусейн сайидушшуҳадо ҳазрати Зайнаби Куброро ба ҳамаи мусулмонон ва ошиқони хонадони Расули Акрам таслият мегӯем. Дуруду саломи Худованд бар Муҳаммад ва Оли Муҳаммад бод! Сабрро маънову мафҳуме ба номи Зайнаб астЭҳтироми ишқ ҳам аз эҳтироми Зайнаб астДоварӣ бингар, ки дар бедодгоҳи шаҳри ШомБо Ҳусайн ҳамдаст гаштан иттиҳоми Зайнаб астМуштро карда гиреҳ дар лаҳзаи ҳассос гуфт:Ин Ҳусейн, фармондеҳи олам, имоми Зайнаб астГуфт душман, гаштаед мағлуб бо хости Худо"Ҷуз ҷамоли Ҳақ надидам", ин каломи Зайнаб астНест нобудӣ барои ҳақ, барои аҳли ҳақЗикри хайру растагориҳо давоми Зайнаб астБешараф бо Хайзарон мезад ба лабҳои ҲусайнМастӣ пирӯзӣ ба фикри интиқоми Зайнаб аст Гарчӣ душман хешро пирӯзи майдон хонда будТо қиёмат нусрату раҳмат ба коми Зайнаб астДар раҳи Ҳақ то дами охир бимонед пойдорБо шаҳодат, бо асорат, ин паёми Зайнаб астБо ҷиҳоди хеш кардан доимо бо иқтидор Фошу расвои риёкорон мароми Зайнаб астДар раҳи Қуръону Ислом ҷонфишонӣ иззат астШӯҳрати хуни Ҳусейнӣ бо қиёми Зайнаб астСабр ҳам шармандаи мардонагияш гаштаастШукр бар лаб аз ризои Ҳақ мақоми Зайнаб астМедиҳам бо ифтихор имрӯз бар Зайнаб саломНеъмати нуру ҳидоят аз саломи Зайнаб аст



