Show notes
Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубонХудоё, бар Муҳаммад ва Оли Муҳаммад дуруд фирист!Ҳаққи падар бар фарзандИмом Зайнулобидин Алӣ ибни Ҳусейн (рз) дар "Рисолаи ҳуқуқ" дар бораи ҳаққи падар бар фарзанд мефармояд:وَ أَمَّا حَقُّ أَبِيكَ فَتَعْلَمُ أَنَّهُ أَصْلُكَ وَ أَنَّكَ فَرْعُهُ وَ أَنَّكَ لَوْلَاهُ لَمْ تَكُنْ فَمَهْمَا رَأَيْتَ فِي نَفْسِكَ مِمَّا يُعْجِبُكَ فَاعْلَمْ أَنَّ أَبَاكَ أَصْلُ النِّعْمَةِ عَلَيْكَ فِيهِ وَ احْمَدِ اللَّهَ وَ اشْكُرْهُ عَلَى قَدْرِ ذَلِكَ وَ لا قُوَّةَ إِلَّا بِاللَّهِВа аммо ҳаққи падарат, ин аст ки бидонӣ ӯ аслу решаи ту аст ва ту шохаи ӯ ҳастӣва бидонӣ, ки агар ӯ набуд ту ҳам набудӣПас ҳар гоҳ дар худ чизе дидӣ, ки аз он хушат омад, бидон, ки дар ҳақиқат падарат асли он неъмате аст, ки ту дорӣ.Ва Худоро ба хотири ин неъмат ҳамду ситоиш кун ва Худоро ба ҳамон андоза шукр бигӯ Ва нест қуввату тавоне барои адои ҳамду шукри Худо ва адои ҳаққи падар ҷуз ба қуввату тавони Худо.



