Show notes
Сездаҳуми Ҷимоди сонӣ солрӯзи вафоти ҳамсари вафодору фидокори ҳазрати Алӣ ибни Абитолиб ҳазрати Фотима бинти Ҳизом маъруф ба Уммулбанин модари чор писар аз ҷумла Аббос ибни Алӣ маъруф ба Абулфазл ро ба ҳамаи мусулмонон таслият мегӯем!Чор фарзанди ӯ аз имом Алӣ (к) дар қиёми хунини Карбало ҳамроҳи имом Ҳусейн ибни Алӣ (рз) дар рӯзи даҳуми моҳи Муҳаррами соли 61 шаҳид шуданд. Дуруду саломи Худо бар онон ва дӯстдоронашон бод! Ассалом эй модари исор, эй УммулбанинДилхушии Ҳайдари каррор, эй УммулбанинВақти тавсифи ту эй бонӯ, забонҳо лол шудМадҳи ту болотар аз гуфтор, эй УммулбанинҶуз ту дар олам кадомин зан барои Зайнаб астБаъди Заҳро беҳтарин ғамхор, эй УммулбанинТу ҳамонӣ ки ба ишқи зодаи Заҳро, ҲусайнТарбият кардӣ сипаҳсолор, эй УммулбанинХуш ба ҳоли ҳар кӣ чун ту ғайри гиря бар ҲусайнТо дами охир надорад кор, эй УммулбанинМодари "ялҳо" саратро то абад боло бигирДаст аз шармандагӣ бардор, эй УммулбанинҶони Аббосат биё бас кун, бароят хуб нестГиря бо ин чашмҳои тор, эй УммулбанинБештар аз ҳар чӣ ғам дар синаат дорӣ туроПирии Зайнаб диҳад озор, эй УммулбанинХуб шуд мондӣ, надидӣ, ки Ҳусайн афтода будДар миёни душмани бисёр, эй УммулбанинХуб шуд мондӣ, надидӣ Зайнаб афтод аз нафасАз ҳарам то қатлгаҳ сад бор, эй УммулбанинХуб шуд мондӣ, надидӣ хаймаҳо месӯхт дарОташи байни дару девор, эй УммулбанинХуб шуд мондӣ, надидӣ корвонро бе ҲусайнДар миёни кӯчаву бозор, эй УммулбанинХуб шуд мондӣ, надидӣ бар фарози найзаеХӯрда аз паҳлӯ сари сардор, эй УммулбанинХуб шуд мондӣ, надидӣ хандаи мастона барАҳли байти Аҳмади мухтор, эй УммулбанинМефиристем бар равонат, сад дуруд сад саломТо дами охиру сад такрор, эй Уммулбанин



