Show notes
Эй машъали ҳидоятЭй зиндаи ҳамешаи таърих, эй шаҳид!Эй машъали ҳидояту эй мазҳари умед!Эй он, ки қатра-қатраи хуни ту дар масофСад ҷӯю руду сели хурӯшон биёфарид!Эй он, ки дасти саъйи ту дар паҳнаи набардБас пардаҳои макру фиребу риё дарид!Эй мазҳари фазилату тақво, дарахти додАз хуни пок туст, ки сар бар фалак кашид!Арзонии ту бод шаҳодат, аз он ки ҲақИн ҷомаро ба қомати озодагон бурид!Эй сурхрӯи ҳар ду ҷаҳон, в-эй шаҳиди ҲақБингар чӣ лолаҳо, ки зи хоки ту бардамид!Эй парчами рисолати пайғамбарон ба дӯшВ-эй аз диёри фатҳу зафар дода сад навид!Эй қаҳри инқилобии ту ҳамчун озарахшОташ зада ба хирмани аҳримани палид!Моро чӣ ҷои сӯг бувад, эй шаҳиди Ҳақ,Аз он ки ҳаст мурдани ту зодани ҷадид!Шоиста миллате, ки бинозад ба марги сурхБоиста уммате, ки ба олам бувад шаҳид!Туроби Муфидӣ



