Show notes
Забони ҳоли ҳазрати Алӣ (к) дар лаҳзаҳои бемории ҳазрати Фотимаи Заҳро (рз)Эй офтоби равшанам, эй ёварам, маравИн гуна аз муқобили чашми тарам марав!Бо ту тамоми зиндагиям ғарқи лутфи ҲақЭй меваи биҳиштии Пайғамбарам марав!Ҷони маро бигир, худоҳофизӣ макунАз рӯбарӯи дидаи нобоварам марав!Ашки Ҳасан хамӯш бирезад ба гунаашИн Зайнабу Ҳусейн бисӯзанд барам, марав!Лутфи шаби арӯсии духтар ба модар астПас лоақал ба хотири ин духтарам марав!Паҳлӯ гирифта ҳини ҷавонӣ, хамидаӣРайҳонаи Расул, ба лутфу карам, марав! Бе ту саломи ман бишавад беҷавобу радЭй сояи баланди сарам, аз сарам марав!Бо ғурбату шабона туро мебарам ба дӯшБо рафтанат шикастаи болу парам, марав!



