Show notes
Падаре бо писаре гуфт ба қаҳрКи ту одам нашавӣ, ҷони падарҲайф аз ин умр, ки эй бе сару поДар пайи тарбиятат кардам сарДили фарзанд аз ин ҳарф шикастБе хабар аз падараш кард сафарРанҷ бисёр кашиду пас аз онЗиндагӣ гашт ба комаш чу шакарОқибат шавкату волоӣ ёфтҲокими шаҳр шуду соҳиби зарЧанд рӯзе бигузашту пас аз онАмр фармуд ба эҳзори падарПадараш омад аз роҳи дарозНазди ҳоким шуду бишнохт писарПисар аз ғояти худхоҳиву кибрНазаре афканд ба саропои падарГуфт: Гуфтӣ, ки ту одам нашавӣТу кунун ҳишмату ҷоҳам бинигарПир хандиду сараш дод таконГуфт: Ин нукта бурун шуд аз дар«Ман нагуфтам, ки ту ҳоким нашавӣГуфтам: Одам нашавӣ, ҷони падар»Мансӯб ба Абдураҳмони Ҷомӣ



