Show notes
Қорӣ Амриддин در سوگ حضرت رسول خدا محمد مصطفی صلی الله علیه و آله Дареғо он маҳи фаррухлиқо рафтГуле аз гулбуни боғи вафо рафтБа аҷзу ноз омад он вафодорДареғо ӯ аз ин дори фано рафтБигирйед, эй мусулмонон, бигирйедАз ин мотам дили олам зи ҷо рафтРасули Ҳошимӣ, шоҳи ду оламЧӣ хуш бар ҷониби дорулбақо рафтДами охир забонаш умматӣ будБа дарду доғи уммат мубтало рафтБа ҷаннат ҳуриён мотам гирифтандКи аби ҳазрати Хайруннисо рафтМалоикҳои аршу фаршу курсӣҲама гирён, ки шоҳи анбиё рафтҲама асҳоб гуфтанд: Во вайлоКи аз ҷамъи саҳоба Мустафо рафтФалакро дил ба ҳоли кас чӣ сӯзадКи аз байни мо ин пири Худо рафтНамонад дар ҷаҳон боқӣ ба ҷуз ҲақҲама аҳли фано охир фано рафт Ҳасан сокит машав аз мадҳи ҷононКи маддоҳаш ба сад лутфу ато рафт



