Show notes
Дар он нафас, ки бимирам, дар орзуӣ ту бошамБадон умед диҳам ҷон, ки хоки кӯи ту бошамБа вақти сӯбҳи қиёмат, ки сар зи хок барорамБа гуфтугӯи ту хезам, ба ҷустуҷӯи ту бошамБа маҷмае, ки дароянд шоҳидони ду оламНазар ба сӯи ту дорам, ғулом рӯи ту бошамБа хобгоҳи адам гар ҳазор сол бихусбамЗи хоб оқибат огаҳ ба бӯи мӯи ту бошамҲадиси равза нагӯям гули биҳишт набӯямҶамоли ҳур наҷӯям, давон ба сӯи ту бошамМайи биҳиштӣ нанӯшам зи дасти соқии ризвонМаро ба бода чӣ ҳоҷат, ки масти рӯи ту бошамҲазор бодия саҳл аст бо вуҷуди ту рафтанВ-агар хилоф кунам Саъдиё, ба сӯи ту бошам



