Show notes
Дӯст дорам ...Салому дуруди Худо бар имом Ҳусейн ибни Алӣ ва шаҳидону асирон Карбало ва дӯстдорони онон бод!Дӯст дорам то ту дар худ маҳву ҳайронам кунӣҚатраам восил ба дарёи хурушонам кунӣДӯст дорам зарра бошам, то ки дар амвоҷи нурДар бағал гириву хуршеди фурӯзонам кунӣДӯст дорам пой то сар қитъаи абре шавамТо ба хоки лолаҳои хеш боронам кунӣДӯст дорам то дами рафтан бигирям дар ғаматК-аз каромат хандае бар чашми гирёнам кунӣДӯст дорам гирди Аббосат бигардонӣ мароЁ ки ҳамчун турраи Акбар парешонам кунӣДӯст дорам то шавад қалбам чу ҷисмат чок-чокДар канори қатлгоҳи хеш меҳмонам кунӣДӯст дорам то бо ёди ташнагиҳои лабатСӯзиву обам кунӣ, якбора тӯфонам кунӣДӯст дорам то вуҷуди чун биёбони мароБо дами ҳамчун Масеҳо боғу бустонам кунӣДӯст дорам дар Минои ишқ ҳамчун гӯсфандБаҳри ризвони Худо омода, қурбонам кунӣДӯст дорам булбули кӯи ту бошам, эй ҲусейнБо иноят баҳри ишқи Ҳақ санохонам кунӣ



