Show notes
Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубонХудоё, бар Муҳаммад ва Оли Муҳаммад дуруд фирист!Саломун алайкум ва раҳматуллоҳФаро расидани моҳи шарифи Шаъбонро ба ҳамаи мусулмонони ҷаҳон ба хусус мардуми шарифи Тоҷикистон ва тоҷикони ҷаҳон табрик мегӯем!Моҳи шарифи Шаъбон моҳи ибодату итоат, намозу рӯза, истиғфору салавот ва зикру дуо ва шабзиндадорӣ ва пур аз хайру баракат аст.Бандагони шоистаи Худованд аз моҳи Раҷаб ва Шаъбон худро омодаи баҳрамандии бештар аз зиёфати Илоҳӣ дар моҳи шарифи Рамазон мекарданд.Барои ҳамаи мусулмонон ба хусус мардуми шарифи Тоҷикистон ва тоҷикони ҷаҳон дар ин моҳ тавфиқи бандагӣ, тарки гуноҳ, баҳрамандӣ аз раҳмату мағфирати Худованд ва саломату саодати дунё ва охират ва ҳусни оқибат аз даргоҳи Парвардигор талаб мекунем.Худоё, ҳоҷатҳои хайри бандагони мӯъмину мусулмон ва мазлуматро баровар ва хайри дунё ва охират насибамон кун!Илтимоси дуоХудо нигаҳдоратон бод!



