Radio Doostitj
Radio Doostitj
Salam Amin
Дуруди махсуси имом Мӯсои Козим درود مخصوص اما موسی کاظم
3 minutes Posted Feb 27, 2022 at 5:30 am.
0:00
3:37
Download MP3
Show notes
Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон
Худоё, бар Муҳаммад ва Оли Муҳаммад дуруд фирист
Дуруди махсуси имом Мӯсо ибни Ҷаъфар
اَللَّهُمَّ صَلِّ عَلَى الْأَمِينِ الْمُؤْتَمَنِ مُوسَى بْنِ جَعْفَرٍ
Парвардигоро, дуруд фирист бар амину мавриди эътимоди халқат Мӯсо фарзанди Ҷаъфар
الْبَرِّ الْوَفِيِّ الطَّاهِرِ الزَّكِيِ‏ النُّورِ الْمُبِينِ
некукор, вафодору тоҳиру покиза ва нури ошкор
الْمُجْتَهِدِ الْمُحْتَسِبِ الصَّابِرِ عَلَى الْأَذَى فِيكَ‏
дар бандагии Худо пурталошу бодиққат ва собир бар ҳамаи озоре, ки дар роҳи бандагии ту ва роҳнамоии халқат дид
اللَّهُمَّ وَ كَمَا بَلَّغَ عَنْ آبَائِهِ مَا اسْتُودِعَ مِنْ أَمْرِكَ وَ نَهْيِكَ وَ حَمَلَ عَلَى الْمَحَجَّةِ
Худоё, ӯ низ мисли падаронаш ончӣ аз амру наҳйи дини ту наздаш амонат буд, ҳамаро ба халқи ту расонд ва бори фармони Илоҳиро ба роҳи шариату роҳи мустақим бурд
وَ كَابَدَ أَهْلَ الْعِزَّةِ وَ الشِّدَّةِ فِيمَا كَانَ يَلْقَى مِنْ جُهَّالِ قَوْمِهِ‏
ва дар баробари аҳли ғуруру сахтгирон ва ончӣ аз ҷоҳилони қавмаш дид сабру пойдорӣ намуд ва ранҷ кашид
رَبِّ فَصَلِّ عَلَيْهِ أَفْضَلَ وَ أَكْمَلَ مَا صَلَّيْتَ عَلَى أَحَدٍ مِمَّنْ أَطَاعَكَ وَ نَصَحَ لِعِبَادِكَ ‏
Пас эй Худо, бар ӯ беҳтарин, комилтарин дурудеро фирист, ки бар ҳар бандае аз бандагони фармонбардори худ ва хайрхоҳони бандагонат фиристодаӣ
إِنَّكَ غَفُورٌ رَحِيمٌ
чун ту дар ҳақиқат омурзанда ва ҷубронкунанда ва дар ҳаққи бандагон меҳрубонӣ!