Radio Doostitj
Radio Doostitj
Salam Amin
Хадиҷаи Кубро (рз) ҳамсари намунаи Расули Худо (с) همسر نمونه رسول خدا
2 minutes Posted Feb 21, 2022 at 3:41 am.
0:00
2:45
Download MP3
Show notes
Ба номи Худо
Худоё, бар Муҳаммад ва Оли Муҳаммад дуруд фирист!
Дар фазилати Хадиҷаи Кубро (рз) ҳамсари вафодору фидокори Расули Худо (с)
Дунё агарчӣ мисли Паямбар надошта
Гуфто Набӣ мисоли ту ҳамсар надошта
Додӣ тамоми сарвати худро ба роҳи Ҳақ
Дини Худо ба мисли ту ёвар надошта
Имони ӯ саромади имону он замон
Ҳамроҳ ғайри Аҳмаду Ҳайдар надошта
Ҷуз роҳи растагориву ҳамроҳии Расул
То охирин нафас ғами дигар надошта
Вақте вуҷуди поки ту шуд маҳди Фотима
Яъне касе шабеҳи ту модар надошта
Аз ту насиб кард Худо Оли Мустафо
Ҷуз ту касе чу неъмати Кавсар надошта
Имони ӯ садоқату таслими Кирдигор
Ҷуз сабру шукр дар раҳи довар надошта
Ризвони Ҳақ ба ҳамсари шоистаи Расул
Дар ҳамсариву фазл баробар надошта