Show notes
Ба номи ХудоДар фазилати ҳамсари вафодору фидокори ҳазрати Расули Худо (с) уммулмӯъминин ҳазрати Хадиҷаи Кубро (рз)Гоҳ танҳо як нафар ҳам ёри дин бошад, бас астЯк нафар бонуи саршор аз яқин бошад, бас астМолу сарват - ҳарчӣ ҳам бошад - фидои роҳи дӯстҲамнишини "Раҳматун лилоламин" бошад, бас астДар нигоҳи шуми мардум бадтарин бошад, валеДар дили Пайғамбари Ҳақ беҳтарин бошад, бас астОварад Ҷибрил баҳраш муждаи ПарвардигорСоҳиби як хонаи хулди барин бошад, бас астДухтараш Заҳро ҷавоби душманони абтар астҲосили умраш агар танҳо ҳамин бошад, бас астВожаҳои гунгу бемаъно чӣ мефаҳманд аз ӯ?Модари Заҳрову уммулмӯъминин бошад, бас аст



