Show notes
ای بانوی اطهر نمونه - در وصف حضرت فاطمه زهرا رضوان الله تعالی علیها - Бонуи намунаТақдим ба пешгоҳи сарвари бонувони олам ва биҳишт Ҳазрати Фотимаи Заҳро (Саломи Худо бар ӯ бод)Эй бонуи атҳари намунаВ-эй духти Паямбари намунаЭй Фотима, эй ҳабибаи ҲақМаҳшур ба Кавсари намунаҒайр аз падарат касе надорадМонанди ту духтари намунаҲамвора Хадиҷа медурахшадДар қуллаи бовари намунаТубо ба мақоми ту АлироҲамкуфвию ҳамсари намунаАқди ту дар осмон малак хондЭй ҳамсари шавҳари намунаЗодӣ ту Ҳасан, Ҳусейну ЗайнабЭй Тоҳира, модари намунаГанҷинаи илму маърифатроН-ояд чу гавҳари намунаЗайнаб зи ту дарси мантиқ омухтТо гашт суханвари намунаЭй бар дари ту малак муқаррабЭй бар фалак ахтари намунаРӯ ҳар кӣ ба даргаҳат ниҳодаРозӣ шуда аз дари намунаАз Ҳақ ҳама дам салом бар туЭй зодаи раҳбари намуна



