Radio Doostitj
Radio Doostitj
Salam Amin
Дар фироқи сардори шаҳид Қосим Сулаймонӣ
5 minutes Posted Jan 18, 2022 at 6:48 am.
0:00
5:40
Download MP3
Show notes
Ҷуз радди қадамҳои ту ин ҷо асаре нест
Ин қулла, ки ҷавлонгаҳи ҳар раҳгузаре нест
Як лаҳза дар ин маърака аз по нанишастӣ
Гуфтӣ сафари ишқ ба ҷуз дарбадарӣ нест
Як умр шаҳидона сафар кардану рафтан
Ҳамқофила бо ишқу ҷунун, кам ҳунаре нест
Дунболи шаҳодат ҳамаи умр давидӣ
Гуфтӣ, ки дар ин олами хокӣ хабаре нест
Он қадр сабукбор сафар кардӣ аз ин хок
Он қадр ки бар пайкари поки ту саре нест
Ту куштаи ин ишқ, на ту зиндаи ишқӣ
Бар турбати ту ҷои ғаму навҳагарӣ нест
Бояд ки ба ҳоли дили худ навҳа бихонам:
Саҳми мани ҷо монда ба ҷуз хунҷигарӣ нест
Аз худ нагузаштам, ки ба ёрон нарасидам
Ҷуз хеш дар ин байн ҳиҷоби дигаре нест
Гуфтанд, ки боз аст дари боғи шаҳодат . . .
Бархез, ба ҷуз ашк рафиқи сафаре нест
Имшаб шаби қадр аст, агар қадар бидонӣ
Бархез, муборактар аз имшаб саҳаре нест
Юсуф Раҳимӣ