Show notes
هفدهم ربيع الأول سالروز میلاد باسعادت امام جعفر صادق رحمة الله عليه بر همه مسلمانان مبارک باد Мадина ғарқи сафо зи рӯи ҳазрати СодиқДамид атри Муҳаммад зи бӯи ҳазрати СодиқФурӯғи моҳи Набиро, ки Макка ёфт дар ин шабМадина дида дубора зи рӯи ҳазрати СодиқШаби дурахшиши хуршеди осмони улум астКи нур медиҳад аз чор сӯи ҳазрати СодиқБа сони Замзаму Тасниму Салсабил равон астУлуми Оли Муҳаммад зи ҷӯи ҳазрати СодиқЗи каҳкашони фазилат танин фиканда ба оламХурӯши адли Алӣ аз гулӯи ҳазрати СодиқЧароғи роҳнамои башар ба олами тавҳидҲамеша мешунавӣ гуфтугӯи ҳазрати СодиқБа эҳтироми Расулу Аливу Фотима бинХудо намуда ато обрӯи ҳазрати СодиқНамоз пояи дин асту шуд лаҳзаи охирВасияте, ки бурун аз гулӯи ҳазрати СодиқСипосу ҳамд Худоро, ки доимо бошадРавон муҳаббати дилҳо ба сӯи ҳазрати СодиқХудо кунад, ки Сабо бар машоми мо бирасонадШамими накҳати мушкин зи бӯи ҳазрати Содиқ



