Show notes
Дастам бигир, ба меҳр, Худоё, ки хастаамТанҳо дилам ба зоти карими ту бастаамБингар ба ҳоли абди залилат, Худои манНолам, ки то ба арш расад ин навои манБас хастаам ман аз ҳамаи рӯзгори худАз хешу аз замонаву аз кору бори худДунёямон бибин, ки чӣ камранг гаштаастПои ибодати ҳамамон ланг гаштаастВақти мусибат аст фақат аз барои туКай ҷустаам ба кори накуям ризои ту?Дасте бикаш Худои Каримам ту бар сарамРаҳме бикун ба ҳоли ду чашми зи хун тарамМисли ҳамеша обрӯи бандаат бихарИн рӯсиёҳро ба ҳарими худат бибарБинмо қабул тавбаи ноқобили мароДастам бигир то наравам ман аз ин сароТо зери сояи карамат зиндагӣ кунамАз суфраи ту нон хӯраму бандагӣ кунам



