Show notes
Атри паёми имом Содиқ(а)25 Шаввол солрӯзи шаҳодати имом Ҷаъфари Содиқ (а)-ро ба ҳамаи мусулмонон таслият мегӯем!Музайян кун нигоҳатро ба номи Ҷаъфари СодиқКи атри офият дорад паёми Ҷаъфари СодиқАгар маҳтоб метобад ба шоми кӯчаҳои шаҳрШифои нур мегирад зи боми Ҷаъфари СодиқБубин эъҷози номашро, ки меёбад табори дилБаҳоре аз ҳаловат дар саломи Ҷаъфари СодиқСалобатро тамошо кун, ки ҳамчун бед меларзадБинои кохи Мансур аз каломи Ҷаъфари СодиқТилое мепарад аз хок то сарманзили хуршедЧу боли зарра афтад зери гоми Ҷаъфари СодиқНигоҳи ғуссаро пур кун, ки дасти шаб ба ҷои нурШарори заҳр мерезад ба ҷоми Ҷаъфари СодиқДигар эй осмони шаҳр, бас кун шаҳди боронроКи шуд талх аз ғаму андӯҳ коми Ҷаъфари СодиқБа пояш осмон аз чашми худ хуршед меборадБа дил дорад чароғ аз эҳтироми Ҷаъфари СодиқУбур аз хатти охир пеши пои туст коре кунКи дастатро бигирад файзи оми Ҷаъфари СодиқШукӯҳӣ



