Radio Doostitj
Radio Doostitj
Salam Amin
Васфи Уммулмӯъминин ҳазрати Хадиҷаи Кубро ҳамсари фидокор ва вафодори Расули Худо ҳазрати Муҳаммади
5 minutes Posted Apr 18, 2021 at 6:58 am.
0:00
5:06
Download MP3
Show notes
Даҳуми моҳи Рамазони соли даҳуми беъсат уммулмӯъминин ҳазрати Хадиҷаи Кубро ҳамсару вафодору фидокори Расули Худо ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) баъд аз таҳаммули ранҷу сахтиҳои фаровон ба хусус баъд аз се сол муҳосираи золимонаи ҷоҳилонаи мушрикони Қурайш дар дарраи Абӯтолиб амӯ ва ҳомии содиқи Расули Худо (с) дори фониро тарк кард ва ба дидори маъбуди худ шитофт. Ин сол Расули Худо (с) ду ҳомии ҳуқуқӣ ва иқтисодӣ ва отифии худ ҳазрати Хадиҷа ва Абӯтолибро аз даст дод ва ин ғам чунон сангин буд, ки ин солро "Омул-ҳузн" номид. Салому дуруди Худованд бар ҳазрати Муҳаммади Мустафо ва ҳомиёну пайравони муҷоҳиду мухлиси он ҳазрат бод!